Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе Айниро ройгон нахоҳад дод


Вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфт, созишномаи Тоҷикистону Русия пиромуни ҳамкориҳои марзӣ ғолибан дар моҳи сентябр, дар ҷараёни боздиди раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба имзо хоҳад расид, вале масъалаи ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргаштани марзбонони рус матраҳ нест. Оқои Зарифӣ афзуд, масъалаи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон ва иҷораи пойгоҳи ҳавоии Айнӣ низ аз соли 2008 ба ин сӯ дар дасти баррасист, вале Душанбе фурудгоҳи Айниро ба ҳеҷ кишваре ройгон иҷора нахоҳад дод. Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин пиромуни ояндаи СНГ изҳори хушбинӣ кард ва гуфт, ҳамкорӣ дар ин созмон паҳлуҳои мусбат бештар дорад, то манфӣ.
XS
SM
MD
LG