Пайвандҳои дастрасӣ

Бархӯрди қавмӣ дар Аравани Қирғизистон


Араван

Араван

Дирӯз дар шаҳри Араван дар ҷануби Қирғизистон даҳҳо узбаку қирғиз бо ҳам даргир шудаанд. Бино ба хабарҳо, иллати таниш як бархӯрди ду рӯз пеш будааст, ки бар асари он як узбаки маҳаллӣ як таксирони қирғизро корд мезанад. Ба дунбол, рӯзи душанбе ҳудуди 500 қирғизи маҳаллӣ дар бозори марказии Араван бо талаби таҳқиқи қазия таҷаммӯъ карданд. Волии Араван Файзуллоҳ Мирзобайрамов ба Радиои Озодӣ гуфт, издиҳомро парокарда кардаанд ва вазъ таҳти назорати мақомот қарор дорад. Араван дар наздикии марзи Узбакистон ва 23-километрии Ӯш воқеъ буда, аксари ҷамъияташро узбакҳо ташкил медиҳанд. Соле пеш даргириҳои қавмӣ байни узбакҳову қирғизҳо дар Ӯшу Ҷалолобод беш аз 400 кушта ба ҷо гузошта буд.
XS
SM
MD
LG