Қазоқистон мегӯяд, омода ҳаст, аснодеро, ки дар қатли ду бонкдор даст доштани домоди собиқи раиси ин ҷумҳурӣ Роҳат Алиевро собит мекунад, дар ихтиёри Австрия бигузорад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Қазоқистон Илёс Умаров гуфт, ин аснод ба муҷарради расидани дархости Австрия ба Вена ирсол хоҳад шуд.
Остона моҳи гузашта бори дигар истирдоди Роҳат Алиевро аз мақомоти Австрия дархост кард. Вена қаблан ду дархости Остонаро дар ин маврид радд карда буд. Роҳат Алиеви феълан 48-сола, ки дар гузашта мақомҳои калидиеро дар давлати Қазоқистон дар даст дошт, соли 2007 фирор кард. Додгоҳи Қазоқистон ӯро дар ғайбаш бо ҷурми ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, одамрабоӣ ва қасди ғасби қудрат ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст.