Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Эрдуғон ба Қибриси шимолӣ


Р.Т.Эрдуғон
Р.Т.Эрдуғон
Имрӯз, 19 июл, дар Ҳанновер садри аъзами Олмон Ангела Меркел бори дигар бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев мулоқот мекунад. Имрӯз рӯзи дуввуми боздиди вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз Ҳинд аст. Имрӯз сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон барои бори нахуст бо як сафари расмии дурӯза вориди Қибриси шимолӣ, ки таҳти назорати туркҳост, хоҳад шуд. 19 июли соли 1980 Олимпиадаи Маскав ифтитоҳ ёфт. Даҳҳо кишвар ба нишони эътироз ба таҷовузи артиши Шӯравӣ ба Афғонистон ин бозиҳои олимпиро бойкот карданд. Ва 15 сол пеш, дар рӯзи 19 июли соли 1996 Радован Караҷич аз мақоми раҳбари ҷумҳурии худхондаи сербҳои Босния истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG