Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирофи яке аз аксбардорони боздоштшуда дар Гурҷистон


 Гиорги Абдаладзе

Гиорги Абдаладзе

Мақомоти Гурҷистон гуфтанд, ки яке аз се аксбардори дар ҷосусӣ муттаҳамшуда эътироф кардааст, ки маълумоти махфии давлатиро дар ихтиёри Маскав қарор медод. Мақомоти ҳифзи қонуни Гурҷистон ду ҳафта пеш се журналистро барои ҷосусӣ ба манфиати Русия боздошт карданд. Гиорги Абдаладзе, хабарнигори вазорати умури хориҷаи Гурҷистон дар як баёнияаш, ки тавассути видео нашр шуд, эътироф мекунад, ки гӯё маълумотро роҷеъ ба нишастҳои мақомҳои баландпоя ба Зураб Куртсикидзе, муттаҳам ба раҳбарии шабакаи ҷосусӣ интиқол медод. Куртсикидзе барои Оҷонсии European Pressphoto кор мекард. Нафари сеюми дар навори видеоӣ сабтшуда аксбардори шахсии президент Саакашвили – Иракли Геденидзе мебошад, ки ба қавли мақомот Куртсикидзеро бо маълумот ва аксҳо таъмин мекард. Ҳоло ин се нафар бояд мӯҳлати думоҳаи муқаддамотии тафтишотро пушти сар карда баъдан дар додгоҳ ҳозир шаванд ва дар сурати собит шудани гуноҳашон, ба онҳо 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG