Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзномаи машҳур марзи Тоҷикистону Афғонистон ва афзоиши дингароӣ дар кишварро таҳлил кардааст.

Дар ду матлаби худ рӯзномаи бонуфузи “Ню Йорк Таймс” воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон ва муҳимтарин масъалаҳои онро бозгӯ кардааст.

Дар матлаби аввалаш “Ню Йорк Таймс”, ки хабарнигораш аз марзи байни Тоҷикистону
Иёлоти Муттаҳида бояд тамоми талошро кунад, ки хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон бе дард ҷараён ёбад...

Афғонистон дидан кардааст, менависад, дурнамои ин кӯҳу дара ва найистону ҷангалҳои соҳили Омӯ бисёриҳоро нигарон кардааст. Манзур аз “дурнамо”, давраи пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва ҳампаймонҳои он аз Афғонистони ҷангзада аст. Оё ин марз хоҳад тавонист, пеши роҳи ноамнию террору хунрезиҳоро, ки ҳамарӯза дар Афғонистон рӯй медиҳанд, бигирад?

РАХНАҲО ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН

Баррасии ин суолро хабарнигори “Ню Йорк Таймс” аз сарнавишти ду навраси тоҷик шурӯъ мекунад, ки чанде пеш дар Афғонистон гаравгон будаанд. Мусаллаҳони номаълум аз марз гузаштаву зери мили силоҳ онҳоро, ки дар боғи падари хеш дар ноҳияи Ҳамадонӣ кор мекарданд, ба он сӯи рӯдхона, ба Афғонистон бурдаанд.

Одамрабоёни фаромарзӣ дертар аз падари наврасон 55 000 доллар талабида, таҳдид кардаанд, ки агар пулро надиҳад кӯдаконро кушта, аъзои бадани онҳоро дар бозори сиёҳ хоҳанд фурӯхт.

Воқеа пурсишеро халқ кардааст, ки чӣ тавр як гурӯҳи чанднафарии то дандонҳо мусаллаҳ аз марзи байни Тоҷикистону Афғонистон гузашт ва кӯдаконро гаравгон гирифтаву бе он ки ба чашми касе биафтад, ба Афғонистон баргаштааст. Баъзеҳо дар шаҳри қазия аз мавҷудияти пайроҳаҳои махфӣ дар мсири марз сӯҳбат мекунанд ва бархи дигар мегӯянд, марзи пур аз шикофро “марзбонони аз лиҳози ҳирфаӣ тамриннодида, ноомода ва мойил ба фасод бонӣ мекунанд.”

Ба навиштаи “Ню Йорк Таймс”, ки дар ҳоли хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон ва он ҳам дар шароите ки шимоли ин кишвар ҳарчӣ бештар нооромтар мешавад, Тоҷикистон аз ноамниҳои ҳамсояаш то куҷо эмин хоҳад буд?
Сӯҳроб Шарифов

Дар посух ба ин пурсиш, Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази пажӯҳишҳои стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, гуфтааст, на танҳо Тоҷикистон, балки Узбакистон ва Туркманистон “зери таҳдиди ҷиддӣ”-е аз Афғонистонанд. “Биноан, Иёлоти Муттаҳида бояд тамоми талошро кунад, ки хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон бе дард ҷараён ёбад,” афзудааст Шарифов.

Ҳамлаи эҳтимолии ҷангиён ба Тоҷикистон, ба навиштаи “Ню Йорк Таймс”, ҳукуматро хеле нигарон кардааст. Онҳо даргириҳо дар шарқи кишвари худро дар тирамоҳи соли гузашта ба нерӯҳои бастагӣ медиҳанд, ки аз Афғонистон ва Покистон омадаанд. Вале нашрия ба ин нукта ҳам таъкид мекунад, ки сарони Осиёи Марказӣ муддати мадидест, ки тундравии диниро барои саркӯби мухолифони худ баҳона мекунанд.

Ҳамзамон зардухӯрду даргириҳо бо гурӯҳҳои кӯчак дар дохили кишвар ва марз бо Афғонистон иттифоқ меафтанд. “Ню Йорк Таймс” ҳадс мезанад, ки як бахши онҳо ба қочоқи маводи мухаддир марбут аст ва падари наврасони рабудашуда низ гуфтааст, ки фарзандони ӯро иштибоҳан бурданд, зеро дар деҳа шахси дигаре аз қочоқбарон пул қарздор буд. Пули маводи мухаддире, ки аз онҳо пазируфтааст, то бифурӯшад.

Ба ақидаи муаллифи матлаб, Майкл Швиртс, аҳамияти марзи байни Тоҷикистону Афғонистон дар он низ зоҳир мешавад, ки ҳам Амрико ва ҳам Русия талош доранд, ба таҳкими ин марз мусоидат кунанд. Иёлоти Муттаҳида барои ин миллионҳо доллар ба харҷ медиҳад ва Русия хостори бозгардони марзбонҳояш ба ин хатти муҳим аст. Вале тоҷикон ба хабарнигор гуфтаанд, хостори бозгашти русҳо нестанд ва вазъи марз дар чанд соли охир, пас аз хуруҷи русҳо дар соли 2005 беҳбуд ёфтааст.

РУШДИ ИСЛОМ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар матлаби дувуми худ барои “Ню Йорк Таймс”, Майкл Швиртс менависад, ҳукумати авторитарии Тоҷикистон аз густариши тундгароии исломӣ нигарон аст ва барои пешгирӣ аз он ба ҳама гуна намоиши ақидаи мазҳабӣ фишор меорад. Мардони ришдор
Ҳукумат мехоҳад, фарзандони мо аз таъсири сохторҳои террористӣ, ки ба номи ислом иснод меоранд, ҳифз намояд...

гаҳгоҳе боздошт мешаванд, духтарони сатрпӯш аз вуруд ба донишгоҳҳо маҳруманд, таълими дин дар хонаҳо манъ аст, донишҷӯёни мадориси исломӣ аз хориҷа ба ватан фаро хонда мешаванд ва акнун, агар раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон қонуни навро имзо кунад, вуруди наврасони то 18-сола ба масҷидҳо мамнӯъ хоҳад буд.

Бисёре аз ҳамсӯҳбатони Швиртс дар Тоҷикистон
Муҳаммадалии Ҳайит

гуфтаанд, ин талошҳо ва махусан қонуни масъулияти волидайн мумкин аст, натиҷаи баръакс диҳанд. Муҳаммадалии Ҳайит, ноиби раиси ҲНИТ ба хабарнигор гуфтааст, “фишори мақомоти амниятӣ ҷавононро ба созмонҳои ғайриқонунӣ савқ хоҳад дод ва мумкин аст, мо шоҳиди афзоиши тундравӣ дар кишвар шавем.”

Муаллиф ба тарафи дигари масъала ишора мекунад ва менависад, “афзоиши дингароӣ дар Тоҷикистон ва ҷамоҳири шӯравии собиқ таҳдиде ба ҳукумати худкомаи раҳбарони дарозмуддати ин кишварҳо шумурда мешавад. Дар тафовут бо саҳнаи сиёсӣ ё матбуот, ислом ҳамчун ҷабҳаи мумкини эътирозӣ, то ҳоло аз тарафи онҳо фатҳ ва инҳисор нашудааст.”

Аммо хабарнигор дар Тоҷикистон бо даҳҳо нафаре низ мулоқот кардааст, ки аз ин қарори ҳукумат ҳимоят кардаанд ва хатари тундгароии исломиро воқеӣ мешуморанд. Зуҳур Чиллаев, муҳандиси 32-сола, ки аз масҷиди ҷомеаи Душанбе берун меомад, ба хабарингор гуфтааст, “ҳукумат мехоҳад, фарзандони мо аз таъсири сохторҳои террористӣ, ки ба номи ислом иснод меоранд, ҳифз намояд. Таҳдид ҳаст, махсусан аз тарафи ҳамсояҳои мо.”

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Аммо рӯҳонии саршинос, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин иддаоро рад кардааст ва гуфта, ки “мақсад гӯл задани мардум, таҳкими диктотурӣ ва сарфи маблағҳои бештар барои аслиҳа ва хадамоти махфист.”

Майкл Швиртс матлабашро бо ин нукта ба поён бурдааст, ки ҳарчанд қонун ҳанӯз ба имзо нарасидааст, иҷрои он кайҳост шурӯъ гашта, мақомоти наврасонро аз масҷидҳо берун мекунанд, мактабҳои таълими диниеро меҷӯянд, ки бе иҷозаи давлат фаъолият доранд.

Бархе аз сокинони Душанбе ба хабарнигор гуфтаанд, чунин маъракаҳо одатан бо зиёдаравӣ ҷараён мегиранд, мушкилот пеш меоранд ва ин ҳам дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ба ҳалли мушкилот рағбате надоранд, ки ба эҷоди онон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG