Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи футболбозони навраси мактаб-интернати бепарасторони шаҳри Хуҷанд баҳори соли ҷорӣ дар мусобиқоти байналмилалии футбол миёни наврасон, ки дар шаҳри Сочии Русия доир гашт, ҷойи аввалро ишғол карда ва барои тамрин бо дастаи маъруфи "Арсенал"-и Лондон роҳхат гирифтааст.

Сармураббии ин даста, Маҳкам Маҳкамов ва футболбозони навраси он мегӯянд, ки "мо ҳоло бо рӯҳияи баланд тамрин мекунем ва ба мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ мебинем ва орзу дорем, ки
футболбозони машҳур шуда парчами Тоҷикистонро дар кишварҳои дур боло бардорем."

Феълан бо мусоидат ва маблағгузории ширкати "Мегафон-Тоҷикистон" ду бозигари машҳури рус аз дастаҳои овозадори мунтахаби Русия ва "Спартак", Дмитрий Ананко ва Владимир Беccчастних, ба Душанбе омада ва ба 12 дастаи футболбзони наврас, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои бепарасторонро таълим медиҳанд.

Дмитрий Ананко дар сӯҳбат бо мо аз симоҳои шинохтаи футболбозони тоҷик, ки ҳоло дар дастаи мунтахаби Русия ва дигар дастаҳои маҳшур фаъолият доранд, ба монанди Мӯҳсин Муҳаммадиев ва Рашид Раҳимов ёдовар шуд ва гуфт, мактаби варзишие, ки чунин футболбозони машҳурро тарбият кардааст, қаҳрамонони дигарро низ ба воя хоҳад расонид.

Дар пайи қабули барномаи давлатии рушди Варзиш ва таъкидҳои пайвастаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, тақрибан тамоми ширкатҳои хусусие, ки дар кишвар фаъолият доранд, вазифадор шудаанд, ки дар ин самт маблағгузорӣ кунанд ва дар омода кардани варзишкорони наврас ва сохтмону бозсозии зербинои куллии соҳаи варзиш саҳми фаъолона дошта бошанд.

Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар ин иртибот гуфт, чунин як даъвати мақомот аз ширкатҳои хусусӣ хеле муҳим ва саривақтист, зеро танҳо аз ҳисоби буҷаи давлат чунин корҳои муҳиму заруриро ба ҷо овардан имкон надорад.

Маликшоҳ Неъматов
"Бояд дигар ширкатҳову корхонаҳои хусусӣ, ки дар дохили кишвари мо кор мекунанд ва пули мардумро ҷамъ мекунанд, ҳадди ақал як фоизи камашро барои ин кори савоб сарф кунанд, хуб мешавад",-афзуд ӯ.

Аммо Владимир Беccчастних, футболбози машҳури рус бар ин назар аст, ки танҳо ба умеди ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкорон шудан нашояд. Балки ҳукумат худ бояд дар фикри рушду тавсеаи варзиш дар кишвар, хусусан дар миёни чавонону наврасон бошад ва барномаҳои хеле муҳиму мушаххасро дар ин самт рӯйи даст бигирад.

Ӯ афзуд: "Ҳар як кишвари ҷаҳонро бо варзишкорону донишмандон ва дигар чеҳраҳои машҳураш мешиносанд. Барои ҳамин бояд пулро дареғ надоранд. Ба умеди дигарон нашуда худи ҳукумат бояд ғамхорӣ кунад, чунки боигарии аслии ҳар миллат кӯдакону ҷавононаш ҳаст. Онҳоро мо чӣ хеле тарбият кунем, ҳамон хел моро мешиносанд."

Ба ин тартиб, рӯзи 18-уми июл ширкати "Мегафон" ба ғолиби мусобиқаи кушоди Русия оид ба футбол, барои дарёфти Ҷоми "Оянда аз ту вобаста аст" дар соли 2011, яъне дастаи мактаб-интернати бепарасторони шаҳри Хуҷанд мукофотҳои хотиравӣ ва сертифакати сафар ба Лондонро супорид.

Яъне дар тирамоҳи соли ҷорӣ футболбозони ин дастаи ғолиб ба Бритониё рафта ва бо Клуби овозадори "Арсенал" боздид анҷом медиҳанд ва қарор аст аз беҳтарин футболбозони ин клуби машҳуру маҳбуб дарси маҳорат низ биомӯзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG