Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргирие дар Чин ҷони чор нафарро гирифт


Хабаргузории расмии Чин мегӯяд, ки дар паи ҳамлаи издиҳоми мардум ба дафтари полис дар минтақаи Шинҷон дасти кам чаҳор нафар кушта шуданд. Хабаргузории Синҳуа гузориш дод, ки ҳамлагарон эҳтимолан уйғурҳои мусалмон ҳастанд, ки як сохтмонро дар шаҳри Ҳотани воқеъ дар шимолуғарби кишвар оташ зада чанд нафарро гаравгон гирифтанд. Гузориш ҳокист, ки ду нафари кушташуда гаравгонҳо буда дигар ду қурбонӣ - корманди амният ва як афсари полис мебошанд. Сухангӯи Конгресси уйғурҳои ҷаҳон гуфт, ки моҷаро баъди он бархост, ки гурӯҳи уйғурҳо талош карданд чанд афсари полисро бо талаби озодкунии аъзои хонаводаи боздоштшудаашон гаравгон гиранд.
XS
SM
MD
LG