Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Русия давлатҳои ғарбиро интиқод кард, ки Шӯрои миллии гузори шӯришиёни Либияро чун ҳукумати қонунӣ эътироф кард. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ки ИМА ва дигар давлатҳо бо эътирофи шӯришиён ҳафтаи гузашта, дар ҷанги шаҳрвандии Либия амалан тараф шуданд:


“Ин боз маънои онро дорад, ки онҳое, ки ингуна иқдомҳоро эътироф мекунанд, комилан ҷониби як нирӯи сиёсиро дар ҷанги шаҳрвандии Либия мегириранд. Ин боз ҳам ба ин маъност, ки ҷонибдорони ингуна тасмимҳо тарафдори дар инзиво қарор додани нирӯҳое мебошанд, ки Либияро намояндагӣ мекунанд”.

Нирӯҳои шӯришиёни Либия иддао доранд, ки аксари ҷангиёни Муаммар Қаззофиро аз шаҳри нафтии Брега берун карданд.
XS
SM
MD
LG