Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Печидагиҳои равобити Душанбеву Маскав: Сиёсат ё тиҷорат?


Бо назардошти ин ки музокироти Русияву Тоҷикистон роҷеъ ба шартҳои истиқрори пойгоҳи низомии 201-и Русия ва иҷораи фурудгоҳи низомии Айнӣ аз соли 2008 ба ин сӯ тӯл мекашад, дар як мусоҳибаи телефонӣ аз Александр Голтс, коршиноси умури низомии Русия пурсидем, ки ба фикри ӯ сабаби ба тавофуқ даст наёфтани ҷонибҳо чист?

Александр Голтс: "Бо нуқтаи назари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мувофиқ будан мушкил аст. Дар ҳар ҳолат Тоҷикистонро марҳилаи мушкил интизор аст, аз нуқтаи назари хатари хориҷӣ. Набояд фаромӯш кард, ки то соли 2014 нерӯҳои Амрико аз
Русия нисбат ба кишварҳои ғарбӣ бо назардошти манофеи худ бештар ба ҳифзи сулҳу субот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ манфиат дорад...

Афғонистон хориҷ мешаванд. Ҳамроҳ бо амрикоиён кишварҳои муттаҳиди онҳо дар НАТО низ чунин хоҳанд кард. Ман фикр намекунам, ки Афғонистони нав барои Тоҷикистон ҳамсояи ором хоҳад буд. Инро бояд дарк кард. Ба назари ман, раҳбарияти Тоҷикистон ин ҷо бо тиҷорат машғул аст, мехоҳад нархро боло бибарад. Тоҷикистон медонад, ки амнияти Осиёи Марказӣ барои Русия аз бартариҳои муҳим ба шумор меравад. Барои ҳамин онҳо мехоҳанд тиҷорат кунанд. Чунин равиш, ба назари ман, чандон дурандешона нест."

Озодӣ: Медонед, ахиран бо кӯмаки молии Амрико дар Қаратоғ хишти аввали сохтмони Маркази таълимии низомии Горди миллии Тоҷикистон гузошта шуд. Мизони ин кӯмак 3,1 миллион долларро ташкил медиҳад. Шумо фикр намекунед, ки бо чунин ҳамкориҳо дар бахши низомӣ Тоҷикистон аз манофеи стратегии Русия сарфи назар мекунад?

Александр Голтс, коршиноси умури низомии Русия
Александр Голтс: "Фикр мекунам, ки агар бартарӣ дар бахши низомӣ ба Амрико дода шавад, ин пешбинии дақиқ нест, барои он ки агар Амрико аз Афғонистон хориҷ шавад, дар он сурат баид аст, ки онҳо дар Тоҷикистон боқӣ бимонанд. Вале дар душвортарин марҳила ба Тоҷикистон ягон кӯмаки мустақими низомӣ зарур мешавад, то битавонад амнияти марзҳояшро таъмин кунад."

Озодӣ: Дар Қирғизистон пойгоҳи ҳавоии Русия мустақар аст. Ҳавопаймоҳои низомии Русия дар он ҷо "хоб"-анд. Онҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ барои чӣ заруранд?

Александр Голтс: "Возеҳ аст, ки дар сурати таҳдид ба марзҳои Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистон ва убури гурӯҳҳои мутташакили ҷиноӣ танҳо нерӯҳои созмонёфтаи низомӣ метавонанд ба он муқобилият нишон диҳанд ва, албатта, он ҳам бо ҳимояти неруҳои ҳавоӣ."

Озодӣ: Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, Русия бо Тоҷикистон санадҳои ҳамкорӣ имзо мекунад ва онҳо иҷро намешаванд, барои ҳамин гоҳо таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, ки “ин ҳамкориҳо қоғазист”. Чаро Русия нисбат ба ҳамкори стратегии худ чунин рафтор мекунад?

Александр Голтс: "Масъала ин аст, ки Русия захоири кофӣ дар ихтиёр надорад, то ӯҳдадориҳои худро иҷро кунад. Ман ҳамин тавр фаҳмидам, ки шумо санадҳо роҷеъ ба ӯҳдадориҳои дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштани техникаи низомӣ ва таъмири онҳоро дар назар доред. Ба назари ман, хеле хуб мебуд, агар дар ин замина Амрико, кишварҳои НАТО ва Русия дар ин минтақа ҳамкорӣ кунанд. Мо то ҳол дар ин минтақа нисбат ба якдигар мавзеъгирии эҳтиёткорона дорем. Барои он ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амният таъмин шавад, ҳамкории воқеӣ зарур аст. Росташро бигӯям, Русия ҳамеша мехоҳад нуқсеро пайдо ва Амрикоро дар бахши амният сарзаниш кунад. Масалан, ҳоло “қартаи дифои зиддимушакӣ”-ро ба бозӣ даровардаанд. Бояд бигӯям, ки Амрико бо хуруҷи худ аз Афғонистон воқеан масъулияти ҷиддиро барои хатари ношӣ аз он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ғайримустақим ба Русия бар дӯш хоҳад дошт. Ин масъала метавонад бештар мавзӯи самарбахши музокирот бошад, нисбат ба он ки Русия ва Амрико роҷеъ ба системаи дифои зидди мушакӣ бо ҳам баҳс кунанд, ба назари ман."

Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки иҷро нашудани санадҳои ҳамкории Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон, онҳоро ба Ғарб наздик мекунад?

Александр Голтс: "Масъала ин аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои Ғарб ва барои Русия заруранд. Барои Русия ба гунае мисли минтақаи ҳимоятӣ ё “буферная зона” заруранд, ки моро, марзи Русияро аз Афғонистон ва минтақаи ноороми Ховари Миёна ҷудо мекунад. Русия нисбат ба кишварҳои ғарбӣ бо назардошти манофеи худ бештар ба ҳифзи сулҳу субот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ манфиат дорад. Умед бастан ба ин масъала, ки кишварҳои ғарбӣ сиёсати фаъол ё ҳамкории фаъолро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ мекунанд, ба назарам арзише надорад."
XS
SM
MD
LG