Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳусниддин Машрабов, шаҳрванди 23- солаи Тоҷикистон моҳи феврали соли равон ба Русия рафт.

Ин бори дуввум буд, ки Ҳусниддин озими сафари Русия шуда буд. Аммо, ин навбат сарнавишт барои ӯ санҷиши камаршиканеро омода карда буд. Агар Ҳусниддин медонист, ки чӣ сарнавиште ӯро дар пеш аст, шояд аз нияташ даст мекашид ё сафарашро ба таъхир мегузошт. Аммо тавре мегӯянд, аз сарнавишт ҷойи гурез нест.

Сафари Маскав дастҷамъона буд ва Ҳусниддин бо ташвиқу ҳамроҳии дӯстони ҳаммаҳалааш ба роҳ баромад. Падари Ҳусниддин Рӯзибой Машрабов мегӯяд, писараш аз сини 19- солагӣ мардикориро пеша карда буд ва ба мисли ҳазорон ҳамсолонаш ноновари хона будааст.

Ӯ бо кӯмаки дӯстонаш аз Истаравшан, дар як ширкати русӣ ҳаммолӣ мекардааст ва аз ин ҳисоб ба хонаводаашон пул мефиристод. Бе надонистани забони русӣ, имкони ёфтани ҷойи кори хуб барояш фароҳам набуд. Аммо, дар ҳар сурат ширкати кордиҳанда, ӯро сабти ном карда будубошашро то ҷойе қонунӣ карда буд.

Баҳори соли равон Ҳусниддин бо чанд ҳамватани дигар барои кор дар як ширкати воқеъ дар марзи Русия ва Осетияи Шимолӣ истихдом шуданд. Аммо ба ҷойи кори нав нарасида аз тарафи марзбонҳои Осетияи Ҷанубӣ боздошт шуд. Иллати боздошт, надоштани шаҳрвандии Русия ё Осетияи Ҷанубӣ буд. Падари Ҳусниддин мегӯяд: «Ҳоло писарам бемор аст дар марзи Осетияи Ҷанубӣ дар Схинвалӣ. Забони русиро намедонад. Мо ба вазорати корҳои хориҷии Русия муроҷиат кардем, онҳо гуфтанд, ки ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиа кунед, акнун намедонам чӣ кор кунем. Вай ҷаримаро як маротиб пардохт кардааст, аммо марзбонони Русия ӯро гузаштани намемонанд.»

Аз сарнавишти мармузи писар, падарро муҳоҷирони Тоҷикистонӣ огаҳ карданд. Онҳо дар ибтидо барои озодии Ҳусниддин талош карданд. Аммо диданд, ки нашуд падарашро дар ҷараёни таҳаввулот қарор доданд.

Ҷониби Русия дар посух ба номаи Рӯзибой Машрабов навиштааст, ки Осетияи Ҷанубӣ кишвари мустақил аст ва Русия наметавонад дар ҳалли ин қазия таъсиргузор бошад. Бо дархости Рӯзибой Машрабов, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ даст ба ҳалли қазия задаст. Аммо ин талошҳо то ҳол натиҷа надоданд.

Давлат Назрӣ, сӯхангӯи вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд: «ВКХ ба сафорати Гурҷистон дар Тоҷикистон нота фиристод, аммо сафорати Гурҷистон бинобар сабаби он, ки ноҳияи Схинвали дар қаламрави Осетияи Ҷанубӣ аст гуфт, ки ин масъаларо ҳал карда наметавонад. Ҳусниддин Машрабов дар мавзеъе аст, ки ба онҷо роҳи ҳавоӣ нест ва баровардани он душвор аст. Мо роҳҳои дипломиро ҷустуҷӯ дорем ва Салиби сурх, ки дар Осетияи Ҷанубӣ намояндагӣ дорад, ваъда додааст, ки масъаларо ҳал мекунад.»

Дар ҳоле, ки падари Ҳусниддин гирифтории писараш дар Осетияи Ҷанубироо ба надоштани санади шаҳрвандии Русия марбут мекунад, вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ки Ҳусниддин бинобар депортатсия шудан аз Русия ба Осетияи Ҷанубиро гузаштааст ва тибқи қавонини Русия то чанд муддате, ҳуқуқи ба ин кишвар баргаштанро надорад.

Давлат Назрӣ мегӯяд, ки агар Ҳусниддин ба кишварҳои дигари ҳаммарзи Русия, назири кишварҳои ИДМ мерафт, берун кашидани ӯ аз ин вазъият кори душвор набуд. Аммо азбаски Тоҷикистон дар ин давлат намояндагии дипломатӣ надорад, баргардонидани Ҳусниддин мӯҳлати зиёдро талаб мекунад.

Падари Ҳусниддин мегӯяд, ки барои раҳоии писараш ба чандин созмони марбут ба муҳоҷирон муроҷиат кардааст, аммо ин даву тозҳо то ҳол натиҷа надодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG