Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои Брега идома доранд


Дар манотиқи шарқии шаҳри Брега даргирии миёни нирӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ва шӯришиён ҷараён дорад. Алорағми ҳамлаҳои пуршиддати нирӯҳои ҳукуматӣ, шӯришиён инак чанд рӯз аст, ки муқовиматро идома медиҳанд. Ҳанӯз маълум нест, ки шумори қурбониҳо чӣ қадар аст. Мушаххас аст, ки рӯзи якшанбе се шӯришӣ кушта ва 96 нафар маҷрӯҳ шуданд. Баъди шурӯи даргириҳо рӯзи панҷшанбе, то имрӯз 15 шӯришӣ кушта шуда 274 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар Бруссел дар як изҳороте НАТО гуфт, ки вазъиятро дар саросари кишвар ва аз ҷумла дар атрофи Брега мушоҳида мекунад.
XS
SM
MD
LG