Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолати Ҳусни Муборак мӯътадил арзёбӣ мешавад


Духтури калони Ҳусни Муборак овозаҳоро дар бораи он ки гӯё раиси ҷумҳурии пешини Миср дучори сактаи қалбӣ шуда дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад, рад кард. Осим Аъзам гуфт, ки фишори хуни Муборак паст рафта, вале ҳоло вазъияти ӯ мӯътадил аст. Муборак дар ришват ва судури амри куштори эътирозгарон муттаҳам мешавад. Вай моҳи феврал дар пайи эътирозҳои мардумӣ аз қудрат барканор шуд. Аз моҳи апрел ба ин сӯ Муборак дар зиндони беморхонаи осоишгоҳи Шарм-уш-Шайх ба сар бурда ба қавли табибон, дар ҳамон рӯзҳо дар ҷараёни бозпурсиҳо дучораи сактаи қабл шудааст. Қарор аст рӯзи 3 август мурофиаи додгоҳии ӯ шурӯъ шавад.
XS
SM
MD
LG