Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати нави ҳукумати Миср муаррифӣ хоҳад шуд


Имрӯз дар Миср бояд ҳайати нави кабинаи вазирони ин кишвар таъсис шавад. Хабаргузории расмии МЕНА мегӯяд, ки вазирони нав дар баробари маршал Муҳаммад Ҳусейн Тантавӣ, ки раиси шӯрои низомӣ буда, баъди аз қудрат барканор шудани Ҳусни Муборак сари кор омад, савганд ёд кунанд. Дасти кам 15 вазир, ки нисфи ҳайати кабинаи ҳукуматиро ташкил медиҳанд, нав шуданд. Дар миёни онҳо, аз ҷумла, вазири умури хориҷа, молия, вазири умури низомӣ, тиҷорат ва саноат мебошанд. Бино ба иттилои оҷонсии расмӣ, вазири умури дохила Мансур Ал-Эсавӣ қарор аст вазифаи худро ҳифз кунад. Шӯрои ҳарбии кишвар ваъда дод, ки моҳи сентябр интихоботи парлумонӣ ва дар пай раъйпурсиро барои интихоботи президенти нав баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG