Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ребека Брукс бо замонати пулӣ озод шуд


Ребека Брукс, ёвари собиқи Руперт Мёрдок соатҳо баъди аз вазифаи раиси полиси Лондон канор рафтани комиссар Пол Стивенсон бар ивази замонати пулӣ ба озодӣ баромад. Пол Ситвенсон дар бораи тасмими аз вазифа канор рафтанаш шоми якшанбе чунин гуфт:

“Баъд аз зӯҳри имрӯз ман ба қаср, вазири умури дохила ва мири шарҳ дар бораи нияти аз вазифаи раҳбари полиси шаҳри Лондон канор рафтанам хабар додам.

Қарори ман паёмади шоеаву иттиҳомоти зиёд дар мавриди иртиботи полиси шаҳр бо раҳбарони News International ва ба вижа бо Нейл Веллис, сардабири собиқи News of the World аст, ки дар паи моҷарои марбут ба гӯшкунии телефонҳо ҳафтаи гузашта боздошт шуд”.


Ребека Брукс, ки раҳбарии News International, яке аз нашрияҳои марбут ба Мёрдокро ба ӯҳда дошт, рӯзи ҷумъа боздошт шуд.


Бар тибқи иттилои ахир, қимати саҳмияҳои News Corporation то шаш дар сад поин рафтааст. News Corporation ширкати муассиси News International аст, ки нашрияҳои "The Sun," "News of the World"-и басташуда, инчунин "The Times" ва "Sunday Times" аст.
XS
SM
MD
LG