Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвиз Турсунов, бозигари 36-солаи дастаи футболи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат, аслан ҳимоятгар аст, вале ӯ дар ҳамаи хатҳо хуб бозӣ карда метавонад.

Парвиз Турсунов, ки се моҳ қабл бо риши дарозаш ба қаҳрамони матбуоти дохилӣ ва хориҷӣ табдил ёфта ва аз ҳайати даста хориҷ шуда буд, 22-юми май дар бозии “Энергетик” - “Хайр” дубора бо
Голи охирини ӯ бо сар ба дарвозаи дастаи “Равшан”-и Кӯлоб хеле зебо ва хотирмон буд...

ҳамон ришаш ба майдон омад.

Қаблан, масъулони бошгоҳи футболи "Хайр"-и Ваҳдат Парвиз Турсуновро барои риоя накардани оинномаи бошгоҳ ва муқаррароти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), пайваста ҳозир нашудан дар тамринҳо ва бозиҳои расмӣ 19-уми апрел аз мақомаш барканор карда буданд.

Тоҳир Мӯъминов, сармураббии тими "Хайр" мегӯяд, бо дархости зиёди мухлисон Парвиз Турсуновро дубора ба даста оварданд ва ба ӯ имкон додаанд, ки боз ба футбол машғул шавад.

Дастаи “Хайр” баъди натиҷагирии давраи дуввуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо 33 имтиёз ҷойи чаҳорумро касб кардааст. Дар муваффақияти даста саҳми Парвиз Турсунов низ арзанда мебошад. Ӯ дар бозиҳои мусобиқоти имсола 4 гол задааст. Голи охирини ӯ бо сар ба дарвозаи дастаи “Равшан”-и Кӯлоб хеле зебо ва хотирмон буд.

Пас аз анҷоми бозии “Хайр” ва “Равшан”, ки 16-уми июл дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, хабарнигори радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф бо Парвиз Турсунов сӯҳбате орост, ки ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад.





Парвиз Турсунов ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори "Озодӣ", Нарзуллоҳи Латиф

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG