Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳ.Зарифӣ: "Аз ҳаққи худ нахоҳем гузашт."


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки музокирот бо Русия бар сари пойгоҳи Айнӣ аз соли 2008 ба ин сӯ идома дорад.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ баён дошт, ки мавзеъҳои Тоҷикистон ва Русия дар мавриди истифода аз фурудгоҳи Айнӣ ва идомаи ҳузури пойгоҳи низомии 201 Русия ба ҳаде ба ҳам наздик нашудаанд, ки ҷонибҳо дар заминаи он санади расмиеро таҳия кунанд.

"ТОҶИКИСТОН АЗ ҲАҚҚИ ХУД НАХОҲАД ГУЗАШТ."

Ҳамроҳхон Зарифӣ афзуд, ҳарду ҷониб пешниҳодоти худро дар ин замиина ироа кардаанд ва баррасии мавзеъи ҷонибҳо ҳоло фақат дар сатҳи коршиносон идома дорад. Аммо дар ҳар сурат ҳам, афзуд оқои Зарифӣ, Тоҷикистон аз ҳаққи худ нахоҳад гузашт ва пойгоҳи Айниро ба сурати ройгон дар ихтиёри ҳеҷ як кишвари дигар қарор нахоҳад дод.



Ӯ афзуд: «Агар ягон нафар дар хориҷи кишвар ҳисоб кунад, ки пойгоҳи низомӣ ва ё элементҳои он бояд дар Тоҷикистон ройгон бошад, мо чунин посух дорем, ки сарзамини Тоҷикистон моликият ё ин, ки сармояи

падари вазири корҳои хориҷӣ ва ё вазири дифоъи Тоҷикистон нест. Он арзиш дорад. Аз ин лиҳоз агар он расонаҳо чунин фикр дошта бошанд, ки бояд ройгон бошад ва ҳоҷати сухан нест, пас мо ҳам посух медиҳем, ки дар мавриди бе музд истифода бурдани сарзамини Тоҷикистон низ ҳоҷати гап нест.»

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳарду масъаларо муҳим, аммо дар айни замон мушкил унвон кард ва гуфт, Тоҷикистон ба музокироти худ дар ин заминаҳо идома медиҳад.

МУШОВИР Ё КОРШИНОС?

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, ки созишномаи ҳамкориҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Русия тақрибан омода шуда ва имкон дорад дар ҷараёни сафари Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябр ба имзо бирасад.

Аммо ин созишнома бозгашти нерӯҳои марзбони Русия ба
Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз

марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистонро пешбинӣ намекунад, балки бар асоси он танҳо гурӯҳе аз мушовирони русӣ, ки ба гуфтаи вазир шояд коршиносон унвон шаванд, дар Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.

Аз соли 2006 ба ин сӯ дар Тоҷикистон гурӯҳи фаврии нерӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон амал мекунад, ки замони ҳузури онҳо дар моҳи май ба поён расидааст ва Тоҷикистон мехоҳад ин гурӯҳи низомиёни Русия мақоми фаврӣ надошта бошанд.

ИХТИЛОФ ДАР МАСОИЛИ ОБУ ЭНЕРЖӢ БО УЗБАКИСТОН ҲАМОНО ПОБАРҶОСТ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар идомаи сӯҳбаташ ҳамчунин гуфт, ки равобити Тоҷикистон бо шарикон ва ҳамсояҳояш хуб аст ва мушкиле надорад. Магар бо Узбакистон дар масоилим обу энержӣ мушкили ду кишвар ҳамчунон боқист ва пешравие дар муносиботи ду ҷониб зуҳур накардааст.

Ӯ гуфт: «Муносибатҳо бо Узбакистон чандон тағйир наёфтааст. Ихтилофи назари ҷонибҳо дар мавриди обу

энергетика ба равиши муносибатҳои ду ҷониба халал мерасонад. Мутаассифона мо дар ин роҳ ҳоло қадамҳои пештаре нагузоштаем.»

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бунёди пойгоҳи низомии Амрико дар Қаротоғро рад кард ва гуфт, размоишгоҳи Қаратоғ бар асоси кӯмаки билоивази Иёлоти Муттаҳида бунёд мешавад ва моли истисноии Тоҷикистон хоҳад буд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки ба талошҳои худ барои расидан ба суботи пойдор дар Афғонистон идома хоҳад дод. Ӯ афзуд, агар давлати он кишвар музокира бо Толибонро роҳи ҳалли мушкил медонад, Тоҷикистон ба ин иқдом мухолиф нест.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG