Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи набардҳо барои шаҳри Бурайқа дар Либия


Чирикиҳои Либия мегӯянд, бо нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ дар манотиқи аҳолинишини шаҳри Бурайқа вориди набард шудаанд. Нирӯҳои чирикӣ бо вуҷуди оташи тӯпҳои нирӯҳои давлатии мустақар дар ин шаҳр чанд рӯз боз ба самти Бурайқа пеш мераванд. Аммо таъйиди ин хабар аз манобеъи мустақил ҳанӯз имкон надорад.
Бино ба иттилоъи ситоди тиббӣ, рӯзи якшанбе 3 чирикӣ кушта ва 96 тани дигар захмӣ шудаанд. Аз оғози набардҳо барои Бурайқа, яъне аз рӯзи панҷшанбе ба ин сӯ, дар ин ҷабҳа 15 чирикӣ кушта ва 274 нафар захмӣ шудаанд. НАТО гуфт, нирӯҳояш вазъ дар саросари Либия, аз ҷумла дар атрофи Бурайқаро пайгирӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG