Пайвандҳои дастрасӣ

Кобинаи нави Миср имрӯз адои савганд мекунад


Муҳаммадҳусейн Тантавӣ

Муҳаммадҳусейн Тантавӣ

Имрӯз кобинаи нави вазирони Миср адои савганд хоҳад кард. Хабаргузории Мино мегӯяд, вузарои ҷадид дар баробари маршалл Муҳаммадҳусейн Тантавӣ, раҳбари Шӯрои низомии масъули назорати Миср дар пайи истеъфои Ҳуснӣ Муборак, савганд хоҳанд хӯрд. Дастикам 15 вазир, ё беш аз нисфи аъзои кобина, бо шумули вузарои хориҷаву молия, тиҷорату саноат ва тавлидоти низомӣ, иваз шуданд. Шӯрои низомӣ ваъда додааст, ки дар моҳи сентябр интихоботи парлумонӣ ва ба дунбол интихоботи президентӣ барпо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG