Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати дастикам 30 нафар дар даргириҳои Ҳумс


Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, тайи як рӯзи охир дар шаҳри Ҳумс дар задухӯрдҳо байни тарафдорон ва мухолифони режими раисиҷумҳури Сурия Башшор Асад дастикам 30 нафар ҷон бохтаанд. Ромӣ Абдулраҳмон аз созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия дар Лондон гуфт, ин даргириҳо дар пайи қатли се тарафдори режим, ки ҳафтаи гузашта рабуда шуданд, ва рӯзи шанбе ба хонаводаҳояшон супурдани аҷсоди сарбуридаи онҳо, шурӯъ шуд. Ин ҳомии ҳуқуқ изҳори нигаронӣ карда, ки чунин таҳаввули вазъ метавонад инқилобро аз масираш берун карда, Сурияро ба ҷанги шаҳрвандӣ бикашонад. Эътирозҳо бо талаби истеъфои Асад дар Сурия 5 моҳ боз идома дорад.
XS
SM
MD
LG