Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди имтиҳони забону таърих барои муҳоҷирон


Раҳбари бахши маскавии ҳизби “Справедливая Россия” ҷорӣ кардани имтиҳони ҳатмии муҳоҷирони корӣ аз забони русӣ ва таърихи Русияро пешниҳод кардааст. Александр Агеев донистани забону таърихи Русияро барои осонтар шудани ҳамоиши муҳоҷирони оянда бо ҷомиаи кишвари худ фавқулодда муҳим хонда, ҳамчунин хостори шадидтар кардани лимити мавҷуда барои истихдоми муҳоҷирони хориҷӣ шудааст. Ҳамасола то 1 миллион нафар аз Тоҷикистон худро ба бозори кори Русия мезананд. Маблағе ки онҳо ба ватан мефиристанд, болиғ аз 2 миллиард доллар буда, муодили 40 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG