Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БАБР ба Тоҷикистон 70 миллион евро ҷудо хоҳад кард


Оливйе Декамп
Оливйе Декамп
Оливйе Декамп, мудиромили Бонки аврупоии бозсохт ва рушд(БАБР) дар умури Туркияву Аврупои шарқӣ ва Қафқозу Осиёи Марказӣ, гуфтааст, ки ин ниҳоди молӣ дар оянда барои иҷрои 10 тарҳ дар Тоҷикистон 70 миллион евро ҷудо хоҳад кард. Ин маблағ бар иловаи 44 тарҳи ҷории БАБР дар Тоҷикистон аст, ки ҳазинаи умумиашро оқои Декамп беш аз 100 миллион доллар баршумурдааст.
Оливйе Декамп, ки ахиран аз Душанбе боздид кард, барномаҳои рушди ҳамкории БАБР бо давлати Тоҷикистонро бо мақомоти олии ин кишвар, аз ҷумла бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG