Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон ба Ҳинду Гелонӣ ба Лондон хоҳанд рафт


Имрӯз, 18 июл, вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар идомаи силсиласафари ҷаҳониаш аз Юнон озими Ҳинд хоҳад шуд. Имрӯз садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар Ҳанновер, дар ҳошияи анҷумани “Муколамаи Петербург”, бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев мулоқот мекунад. Имрӯз дар Бриюнии Хорватия нишасти сарони Хорватияву Сербистон ва Босния доир хоҳад шуд. Имрӯз раҳбарони гурӯҳи Мински САҲА ба Арманистон сафар хоҳанд кард. Имрӯз, 18 июл, сафари панҷрӯзаи сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ ба Бритониё оғоз хоҳад ёфт. Ва ҳам имрӯз, дар Нюкасли Инглистон анҷумани панҷрӯзаи байналмилалии вижаи ояндаи муҳити зист оғоз ба кор хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG