Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон: ИМА аз барномаи ҳукумати Юнон пуштибонӣ мекунад


Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА гуфт, ки Вошингтон аз барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати Юнон пуштибонӣ мекунад. Изҳороти хонум Клинтон дар ҷараёни сафараш ба Афина садо дод.

Ин сафар дар арафаи нишасти сарони 17 кишвари узви минтақаи евро дар Брюссел сурат гирифт, ки қарор аст, дар он мавзӯъи ироаи бастаи дуввуми кӯмакҳо ба Юнон баррасӣ шавад.

Барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати Юнон барои коҳиши харҷи буҷа боиси эътирозу коршиканӣ ва нооромиҳо дар кишвар шуд.

Имрӯз Сандуқи байнулмилалии пул изҳор намуд, ки айни ҳол Юнон ҳама шартҳои созиш бо ин ниҳоди молиявиро иҷро мекунад ва аммо сармоягузорон чун пештара имкони суқути иқтисоди кишварро баъид намедонанд.
XS
SM
MD
LG