Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти шоҳид баъди бозпурсӣ дар идораи полис


Дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дар ҷараёни тафтиши сабабу омилҳои инфиҷори рӯзи 13 июл яке аз шоҳидони ҳодиса ба ҳалокат расид.

Файз Усмонӣ аз раёсати полис ба бемористон интиқол ёфт ва аммо ӯ бар асари сактаи мағзӣ аз олам даргузашт. Писари Усмонӣ кормандони полисро дар фишор ва бадрафторӣ дар баробари падараш айбдор кард. Ва аммо кормандони полис ин иттиҳомро қатъӣ рад кардаанд. Тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст.

Чаҳор рӯз пеш бар асари се инфиҷор дар бозори ҷавоҳироти Мумбай 19 нафар ба ҳалокат расида , беш аз 130 тани дигар захмӣ шуданд.

Ба ҷуз Мумбай тафтиши ин ҳодиса дар се шаҳри дигар – Бангалор, Ҳайдаробод ва Ранчӣ ҳам идома дорад.

Масъули ҳамларо то ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

Моҳи ноябри соли 2009 бар асари як ҳамлаи густурдаи ифротгароҳо ба шаҳри Мумбай 166 нафар ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG