Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Бахт»: "Пули мо куҷо шуд ва орди мо куҷост?"


Ширкати «Бахт» хостори ҳалли одилонаи даъвои ин ширкат бо намояндагии «Ориёнбонк» дар Хуҷанд шудааст.

Раиси ширкати тиҷоратии дорои масъулияташ маҳдуди «Бахт» Нуриддин Маҳкамов рӯзи якшанбе ба идораи радиои Озодӣ дар Душанбе омад ва гуфт, ки тайи 7 сол аст, барои дарёфти 800 ҳазор сомонӣ маблағ бо намояндагии «Ориёнбонк» дар Хуҷанд баҳс дорад, вале ин бонк бо пеш овардани ҳар баҳона, баҳси додгоҳиро идома медиҳад ва аз баргардондани маблағ сарпечӣ мекунад.

ФИШОРҲО БА ШИРКАТИ "БАХТ"?

Ба қавли Нуриддин Маҳкамов, намояндагони «Ориёнбонк» дар Хуҷанд, ҳангоми мурофиаҳо дар долонҳои додгоҳ бо ҳар ишорае фишор меоваранд ва мехоҳанд, ки ширкати “Бахт» аз даъвои худ даст кашад. Вай меафзояд, ки идораҳои тафтишотӣ низ зуд-зуд фаъолияти ширкатро бозрасӣ мекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки айбе пайдо кунанд: «Дар ҳамин моҳи ахир идораи андоз омад, сипас аз додситонӣ омаданду тафтиш карданд ва кӯшиш мекарданд, ки парвандаи ҷиноӣ боз кунанд. Ҳарчанд ҳеҷ айбе дар мо пайдо накарданд. Боз дар мурофиаи додгоҳӣ намояндаи «Ориёнбонк» Азизов гуфт, ки шумо ҳуқуқӣ ҳам бошед, лекин ҳеҷ кор карда наметавонед, мо аз шумо зӯртар астем. Бо шунидани ин ҳарфҳо мо зуд ба додрас мӯҳтарам Наимов ба таври расмӣ гузориш додем, ариза пешниҳод кардем, лекин эшон ба эътибор нагирифтанд.»



Аммо ҳуқуқшиноси аршади «Ориёнбонк» Панҷшанбе Лаълбеков мегӯяд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ фишор ё зуроварӣ алайҳи ширкати «Бахт» ҷой надорад. Ва намоянадагии «Ориёнбонк» дар Хуҷанд талош дорад тибқи қонун ба баҳси додгоҳӣ идома диҳад ва ҳуқуқи бонкро ҳифз намояд: «Чӣ хел фишор аст, ки ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки аз рӯи ҳолатҳое, ки тоза ошкор шудаанд ариза нависад ва аз натиҷаи он огоҳ шавад. Вобаста ба даъвои «Бахт» санаду ҳуҷҷатҳо лозима ҷой дорад. Мо гуфтем, соли 2003 баъзе санадҳо ҳамаҷониба санҷида нашудаанд, бо ҳамин мақсад мо хостем, ки ҳамаҷониба масъаларо бисанҷанд, ки агар корхонаи «Темурмалик» гунаҳкор бошад назари худро баён доранд. Дар Хуҷанд дар ҳайати додгоҳӣ се додрас ширкат дорад ва бигзор онҳо хулосаи худ ва ҳалномаи худро пешниҳод кунанд.»

"МАБЛАҒИ МО КУҶОСТ."


Аммо вакили мудофеъи ширкати «Бахт» Бузургмеҳри Равшан мегӯяд, ки ба ҳарфҳои ҳуқуқшиноси «Ориёнбонк» розӣ нест ва тамоми асноди даъвогие, ки аз номи ин ширкат ба додгоҳҳо пешниҳод шудааст дар чаҳорчӯби қавонини ҷории Тоҷикистон сурат гирифтааст ва ширкат танҳо ҳаққи қонунии худро талаб дорад: «Вақте, ки чунин бархӯрд бо ширкат сурат мегирад, мо расмӣ ба додситонӣ менависем, ки чаро баҳси Додгоҳи тӯл дода мешаваду ҳукми худро пайдо намекунад. Бубинед, намояндагии «Ориёнбонк» дар Хуҷанд на натанҳо ширкати Бахт»-ро фиреб додааст, ширкатҳои дигар ба мисли «Соҳибкорбанк», «Тоҷикгалантерея», корхонаи хурди «Далер» аз ҷумлаи муассисаҳое ҳастанд, ки монанд ба ширкати «Бахт» мунтазири пардохти маблағашон мебошанд. Аммо намояндаҳои ин муассисаҳо мегӯянд, ки «Ориёнбонк» бо Ҷаноби олӣ наздикӣ дорад, беҳтар аст, ки бедарди сар нишинем. Ҳоло мо ҳамин қадар суол дорем, ки орди мо куҷо шуд ва маблағи гандуми овардаи мо куҷо шуд?»

Дар моҳи апрели оли равон ширкати "Бахт" барои бозпас гирифтани 800 ҳазор сомонӣ аз "Ориёнбонк", баҳсро ба Додгоҳи олии иқтисодии кишвар кашонид. Аммо Додгоҳ олии иқтисодӣ барои рӯшанӣ андохтан ба баъзе аз паҳлӯҳои норӯшани ин парванда қарор кард, ки баррасии парванда ба зинаи аввал фиристода шавад. Дар ҳоли ҳозир тибқи аризаи шикоятии ширкати «Бахт», додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд ин парвандаро таҳқиқ дорад.

БАҲСЕ, КИ ҲАФТ СОЛ БОЗ ИДОМА ДОРАД

Қиссаи баҳси ширкати «Бахт» бо "Ориёнбонк" дуру дароз буда, ҳанӯз дар соли 2004 оғоз шудааст. Дар соли 2003 ширкати "Бахт" ба корхонаи орди "Темурмалик"-и шаҳри Қайроқум гандум меорад ва маблағи ордро корхона баргардонда наметавонад, корхонаи мазкур аз чанд ширкатҳои дигар аз ҷумла аз "Ориёнбонк" низ қарздор мешавад.

Вале Додгоҳи иқтисодии Хуҷанд ба хотири баргардондани қарзи ширкати "Бахт" ва чанд ширкатҳои дигар бо шумули "Ориёнбонк", ҳалномаи худро содир мекунад ва дар ивази қарз, корхонаи бузурги ордро тақсим карданӣ шуда ба ширкатҳо баргардонданӣ мешавад.

Аммо «Ориёнбонк» ба хотири ҷилавгирӣ аз пошхӯрии корхонаи азими орди «Темурмалик» пешниҳод мекунад, ки ин корхона ба ихтиёри «Ориёнбонк» гузошта шавад. Ва дар иваз «Ориёнбонк» бар иловаи пардохти маблағи корхона, ваъда медиҳад, ки ҳамзамон тамоми қарзҳои ҳамаи ширкатҳороро дар давоми се моҳ месупоранд.

Аммо дар зарфи чор-панҷ моҳи дигар, комбинатро ба ширкатҳои дигар- "Асри 21" ва "Сомонсуғд" фурӯхта ва бо ин, "Ориёнбонк" мегӯяд, ки дигар масъули баргардони қарзи ширкатҳо аз ҷумла ширкати "Бахт" нест."

Ва аз соли 2003 ба ин тараф ширкати «Бахт» аз роҳи додгоҳӣ мехоҳад маблағи худро, ки дар ибтидо 400 ҳазор сомонӣ буд ва тайи ин 7 сол аз рӯи фоиз ба 800 ҳазор сомонӣ расидааст, пас бигирад.
XS
SM
MD
LG