Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти аз қаъри Волга берун кардани киштӣ шурӯъ шуд


Қарор аст имрӯз киштии “Булгария”, ки як ҳафта пеш ғарқ шуда буд, аз қаъри рӯдхонаи Волга берун кашида шавад.

Бар пояи иттилоъи ахир, ғарқшавии киштӣ мунҷар ба ҳалокати 114 нафар шудааст. 15 нафар то ҳол беному нишонанд. Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия хабар дод, ки ҷустуҷӯи ҷасадҳо баъди берун кашидани “Булгария” идома хоҳад кард.

Дар ин ҳодиса 79 мусофир ҷон ба саломат бурданд. 7 нафар то ҳол дар бемористонанд.

Омадагиҳо ба амалиёти аз қаъри рӯдхонаи Волга берун кардани киштии «Булгария» дирӯз шурӯъ шуда буданд. Ба ҷойи ҳодиса аллакай ду крани махсус интиқол дода шудааст. Ин амалиёт шояд як шабонарӯз идома ёбад.
XS
SM
MD
LG