Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аргентина аз Эрон хостори истирдоди муҷримини таркиш шуд


Ҳукумати Аргентина бори дигар аз Эрон хостори истирдоди гумонбарони ҳамлаи террористии 17 соли пеш дар Буэнос-Айрес шуд. Моҳи июли соли 1994 бар асари инфиҷор дар Маркази яҳудиҳои ин шаҳр 85 нафар ба ҳалокат расида буданд.

Додситони Аргентина Алберто Нисман гуфт, изҳороти Эрон дар бораи омодагияш барои ҳамкорӣ то замоне, ки гумонбаронро дар ихтиёри Аргентина нагузорад, гапҳои хушку холӣ боқӣ хоҳанд монд.

Дирӯз мақомоти Аргентина барои боздошти вазири дифоъи Эрон Аҳмад Воҳидӣ, панҷ эронӣ ва як шаҳрванди Лубнон, ки дар даст доштан дар таркиш дар Маркази яҳудиҳо айбдор мешаванд, дастури байнулмилалӣ содир карданд.

Теҳрон ва гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и мустақар дар Лубнон даст доштанашон дар таркишро қатъӣ рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG