Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар амалиёте дар Нангарҳор даҳ ҷангӣ кушта шуданд


Дар як амалиёти муштараки нерӯҳои байнулмилалӣ ва афғон дар вилояти Нангарҳор, воқеъ дар шарқи Афғонистон, дасти кам 10 ҷангии мухолифи ҳукумат кушта шуданд.

Дар вилояти шимолии Бағлон шоми гузашта як фарди ношинос сӯи меҳмонони як сӯри арӯсӣ оташ кушод. Дар ин ҳодиса ду нафар ҷон бохта, 7 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Аз ин пештар дар вилояти Ҳилманд дар як даргирии кӯтоҳ як сарбози бритониёвӣ ба ҳалокат расида буд.
XS
SM
MD
LG