Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати панҷ нафар дар садамае дар Новосибирск


Бар асари садамаи нақлиётӣ дар вилояти Новосибирски Русия панҷ нафар, аз ҷумла, ду кӯдак, ба ҳалокат расида, 19 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, шаби гузашта як автобуси мусофирбар ва мошини боркаш ба ҳам бархӯрданд. Автобус аз шаҳри Семипалатински Қазоқистон сӯи шаҳри Томск ҳаракат мекард.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар садамаи нақлиёти шаҳрвандони Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаанд. Навбатдори бахши вилоятии вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба бахши тоҷикии РО тайид кард, ки дар ин садама ҳадди аққал як шаҳрванди Тоҷикистон - сокини шаҳри Хуҷанд Александр Назаркин маҷрӯҳ шудааст

Ӯ афзуд, ки ному насаби қурбониёни ҳодиса фардо маълум хоҳад шуд.

Тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст. Бар пояи иттилоъи пешакӣ, садама бо айби ронандаи автобус рух додааст, ки ба роҳи муқобил баромадааст.
XS
SM
MD
LG