Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз ҳайати нави ҳукумати Миср эълон мешавад


Исом Шараф, нахуствазири Миср

Исом Шараф, нахуствазири Миср

Исом Шараф, нахуствазири Миср, истеъфои вазири умури хориҷӣ Муҳаммад ал-Арабиро пазируфт. Дар ин бора телевизиони давлатии Миср хабар дод.

Нахуствазир машваратҳо бо сиёсатмадорони кишвар ба хотири тағйирот дар ҳукуматро идома медиҳад. Баъд аз шурӯъи дубораи намоишҳои эътирозӣ дар Қоҳира, ӯ ваъда дода буд, ки ҳайати кобинаро дигар мекунад.

Ширкатдорони ин намоишҳо ислоҳоти фаврӣ ва шурӯъи ҳарчӣ зудтари мурофиаи додгоҳии раисиҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборакро талаб мекарданд, ки моҳи феврал зери фишори намоишҳои оммавӣ ба истеъфо рафт.

Интизор меравад, ки имрӯз Исом Шараф ҳайати нави ҳукуматро эълон кунад.
XS
SM
MD
LG