Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймоҳои НАТО шаби гузашта ба чанд муассиса дар Триполӣ, пойтахти Либия, зарба заданд.

Хабаргузориҳо аз таркишу сӯхтор дар қисмати шарқии шаҳр иттилоъ доданд. Ва аммо дар бораи он ки кадом муассисаҳо бомбаборон шуданд ва оё ба касе осеб расидааст ё хайр, хабаре нест.

Дар ҳамин ҳол дар шарқи Либия шӯришиён ҳамла ба шаҳри бандарии Брегаро идома медиҳанд. Дар шабонарӯзи гузашта онҳо ба муқовимати шадиди нерӯҳои ҳукуматӣ рӯбарӯ шуда талафоти зиёд диданд.

Дирӯз раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ зимни суханронӣ дар издиҳоми ҷонибдоронаш дар шаҳри Аз-Зовия гуфт, ки ҳеҷ гоҳ ба шуришиён ва НАТО таслим нахоҳад шуд ва ба ҳеҷ ваҷҳ замини бобоияшро тарк нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG