Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифини Асад Шӯрои наҷоти миллиро таъсис доданд


Эътирозҳо дар Сурия идома доранд

Эътирозҳо дар Сурия идома доранд

Намояндагони мухолифини Сурия дар нишасти худ дар шаҳри Истамбули Туркия Шӯрои наҷоти миллиро таъсис доданд, ки ҳадафи он – ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ эълон шудааст.

Бар пояи хабарҳо, ба Шӯро 25 нафар – намояндагони ҷунбишҳои мазҳабиву шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони мустақил шомил шудаанд.

Дар нишасти нахустини Шӯрои наҷоти миллӣ, ки қарор аст, имрӯз баргузор шавад, раёсати ниҳоди ҷадид иборат аз 11 нафар интихоб хоҳад шуд.

Нишасти мухолифини ҳукумати Сурия дар Истамбул як рӯз баъд аз саркӯбсозии бузургтарин дар чаҳор моҳи ахир намоиши эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад дар чанд шаҳр, аз ҷумла, дар Димишқ баргузор шуд. Дар ин ҳодиса беш аз 30 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG