Пайвандҳои дастрасӣ

Бозӣ миёни дастаҳои “Хайр” ва “Равшан” шоми шанбе бо пирӯзии дастаи меҳмон - “Равшан” бо ҳисоби 2:1 поён ёфт.

Ин бозии мавқуфмондаи даври 19-уми сабқати Лигаи олии Тоҷикистон, ки 16-уми июл бо ҳузури беш аз ҳашт ҳазор мухлис дар

Далерро пас аз муоинаи тиббӣ ҷавоб доданд, вале Мирзобек, ки сахт ҷароҳат бардошта, сактаи мағзӣ гирифтааст, дар беморхона бистарӣ шуд...

варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат баргузор шуд, хеле тезу тунд
сурат гирифт.

Фозил Сатторов, ҳамлагари меҳмонон, дар дақиқаи 39-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Парвиз Турсунов, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 77-ум зад. Чаҳор дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ Фаридун Рустамов, бозигари “Равшан”, голи ҳалкунандаро ба самар расонд.

Вале дар ин бозӣ чанд ҳодисаи нохуш рух дод, ки боис ба нигаронии мухлисон шуд. Дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 21-ум, ду нафар – Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Далер Шомуродов (“Равшан”) дар талоши тӯб сарбасар заданд ва ҳарду бо сарҳои хуншор ба замин афтоданд.

Ба ҳарду зуд табибон дар майдони бозӣ ёрии тиббӣ расонданд ва баъдан ҳардуро бо сарҳои докапеч мошинҳои “Ёрии таъҷилии тиббӣ” ба беморхона бурданд. Далерро пас аз муоинаи тиббӣ ҷавоб доданд, вале Мирзобек, ки сахт ҷароҳат бардошта, сактаи мағзӣ гирифтааст, дар беморхона бистарӣ шуд.

САРДОВАРРО КӢ ЗАД?

Саршавии нимаи дуввуми бозӣ хеле тӯл кашид. Зеро, ки аз доварон дарак набуд. Ба гуфтаи Абдураҳим Бобоев, нозири ин бозӣ (аз шаҳри Турсунзода), ҳангоми танаффус шахси номаълум вориди утоқи доварон шуда, сардовари бозӣ Олим Норбоевро (аз шаҳри Душанбе) латукӯб кардааст, ки дар натиҷа рӯяш хуншор шудааст.

Баъди он, ки ба сардовар ёрии таъҷилии тиббӣ расонда шуд, ӯ бо чеҳраи осебдида ҳамроҳи ёваронаш Исматулло Мӯъминов (ноҳияи Хуросон), Комил Қурбонов (шаҳри Турсунзода) ва довари эҳтиётӣ Сафармаҳмад Шоймардонов (ноҳияи Хуросон) ба майдон омаданд ва бозӣ идома ёфт.

Дар дақиқаи 53-юми бозӣ бошад, сардовар ба Ҳамдам Зарифов (“Равшан”) ва Низом Раҳимов (“Хайр”) барои задухӯрд миёни ҳарду корти сурх нишон дод ва онҳо аз майдон хориҷ шуданд.

Ба иттилои Сафар Каримов, раиси кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳодисаҳои нохуше, ки дар ин бозӣ рух доданд, аз рӯи гузориши нозири бозӣ 18-уми июл дар ҷаласаи кумита баррасӣ хоҳад шуд.

Вале сарфи назар аз ин ҳодисаҳои нохуш, бозӣ хеле пуршиддат гузашт. Нимаи аввали дидор бо ҳуҷумҳои тарафайн сурат гирифт. Дар нимаи дуввум мизбонон бештар ҳуҷум мекарданд ва меҳмонон, аслан, аз паи ҳимояи дарвозаашон буданд ва дар мавриди зарурат ба ҳуҷум мегузаштанд.

Мухлисони ҳарду даста, ки дар нишастгоҳҳо ба ду қисм тақсим шуда буданд, футболбозони худро хуб дастгирӣ карданд. Дар бобати бо тартибу низоми баланд гузаштани бозӣ нозирони тартибот – кормандони сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ хизмати хуб анҷом доданд. Табибон низ саривақт ба бозигарони “маҷрӯҳ” кӯмак карданд.

"ИСТИҚЛОЛ" ҲАНӮЗ ПЕШСАФ АСТ

Ҳамин тариқ, давраи дуввуми мусобиқот бо ин бозӣ ба анҷом расид. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо 46 имтиёз ғолиби давраи дуввуми мусобиқот шуд. Тими “Равшан”-и Кӯлоб бо 44 имтиёз дар зинаи дуввум қарор дорад. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 42 имтиёз дар ҷойи севвум мебошад.

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо 33 имтиёз ҷойи чорум ва тими “Энергетик”-и Душанбе бо 29 имтиёз ҷойи панҷумро касб кардаанд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва Фозил Сатторов ("Равшан") бо 12-голӣ пешсафанд. Фарҳод Тоҳиров ("Истиқлол") ва Мансур Ҳакимов ("Парвоз") 11-голӣ, Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”) 10 гол, Шодибек Ғаффоров (“Энергетик”) 9 гол задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа


Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Истиқлол" 18 15 1 2 44-11 46
2. авшан" 19 14 2 3 35-12 44
3. "Регар-ТадАЗ" 19 13 3 3 43-17 42
4. "Хайр" 20 10 3 7 32-20 33
5. "Энергетик" 20 9 2 9 30-34 29
6. ССКА “Помир” 19 8 1 10 31-37 25
7. "Хуҷанд" 19 7 4 8 25-28 25
8. "Парвоз" 20 6 3 11 22-39 21
9. “Вахш” 19 6 1 12 18-25 19
10. “Шодмон” 20 4 2 14 22-45 14
11. вардия" 19 2 2 15 14-48 8


Чаҳор бозии мавқуфмондаи мусобиқот миёни дастаҳои “Истиқлол” - “Гвардия” (даври 10-ум), “Регар-ТадАЗ” - “Равшан” (даври 15-ум), “Истиқлол” - “Хуҷанд” (даври 18-ум) ва ССКА “Помир” - “Вахш” (даври 19-ум) дар ҷараёни сабқати давраи севум баргузор хоҳад шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои давраҳои севуму чоруми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олиро тасдиқ кард. Бозиҳо аз 6-уми август то 29-уми ноябр идома хоҳанд кард.

Бар асоси тақвим 6-уми август (рӯзи шанбе) 5 бозӣ миёни дастаҳои зерин баргузор хоҳад шуд: “Равшан” - “Вахш”, “Хайр” - ССКА “Помир”, “Регар-ТадАЗ” - “Энергетик”, “Хуҷанд” - “Парвоз”, “Шодмон” - “Истиқлол”.

Бозиҳои моҳи август соати 17 шурӯъ мешаванд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин, замони баргузории бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон-2011-ро тасдиқ намуд. Нахустин даври мусобиқа – бозиҳои ҳаштякниҳоӣ рӯзҳои 25-ум ва 28-уми август, бозиҳои чаҳорякниҳоӣ 10-ум ва 14-уми сентябр, бозиҳои ниманиҳоӣ 27-уми сентябр ва 1-уми октябр ва бозии ниҳоӣ 5-уми октябр баргузор хоҳанд шуд.

Дастаҳои лигаи олӣ то оғози давраи севуми мусобиқот (6-уми август) истироҳат мекунанд. Футболбозоне, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон шомиланд, дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 ширкат хоҳанд кард.

Бозии аввали дастаҳои миллии Сурия ва Тоҷикистон 23-юми июл дар Урдун ва бозии ҷавобӣ 28-уми июл дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG