Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дигарандешони суриягӣ дар Туркия мулоқот карданд


Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Дар шаҳри Истамбули Туркия сесад дигарандеши суриягӣ стратегияи фаъолияти минбаъдаи худ алайҳи режими раисиҷумҳур Башор Асадро баррасӣ карданд.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, ҳамин гуна нишаст бояд дар Димишқ ҳам баргузор мешуд ва аммо баъди ҳалокати 28 нафар бар асари саркӯбсозии намоиши эътирозӣ аз сӯи нерӯҳои амниятии Сурия лағв карда шуд.

Намоишҳои эътирозии рӯзи ҷумъа дар Димишқ ва атрофи пойтахт – бузургтарин дар чаҳор моҳи эътирозҳо бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад маҳсуб мешаванд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи шанбе дар як нишасти хабарӣ дар Истамбул гуфт, ки "дирӯз мо шоҳиди бузургтарин намоиш дар Сурия дар рӯзҳои ахир ва шоҳиди талоши муроҷиат ба ҳукумат бо талаби ислоҳот шудем. Ӯ афзуд, "ҳамзамон мо дидем, ки мақомот чӣ гуна бо намоишгарони осоишта рафтор мекунанд". "Имрӯз фардои Сурия ба мардуми ин кишвар марбут аст. Ва тавонии мухолифин барои иттиҳод ва таҳияи нақшаи дақиқи амал – бахши муҳими ислоҳоти сиёсӣ мебошад", гуфт
Ҳилларӣ Клинтон.
XS
SM
MD
LG