Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз дарёфти "Квадрига" маҳрум шуд


Муассисони ҷоизаи олмонии «Квадрига» тасмими худ барои ба нахуствазири Русия Владимир Путин супурдани ҷоизаро бознигарӣ карданд.

Ба гуфтаи муассисон, онҳо мехостанд, ки бо эҳтои ин ҷоиза ба хизматҳои Владимир Путин дар таҳкими равобити миёни Олмону Русия арҷ гузоранд ва аммо рӯзҳои ахир расонаҳои хабарӣ ва сиёсатмадорон аз Путин барои рӯ тофтанаш аз демократия интиқод мекунанд.

Кумитаи тадорукоти ҷоиза эълом дошт, ки имсол маросими супурдани «Квардрига» баргузор нахоҳад шуд.

Таври маъмул, ин ҷоизаи бонуфуз ҳар сол моҳи октябр, дар солгарди ҳамоиши Олмонҳои шарқиву ғарбӣ, ба чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ супурда мешавад.
XS
SM
MD
LG