Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, марди либоси сарбози ҳукуматӣ дар тан як низомии НАТО-ро ҳадафи тир қарор дод.

Ҳанӯз маълум нест, ки ин мард дар артиши Афғонистон хизмат мекард ваё мусаллаҳест, ки ба хотири ҳамлаи террористӣ либоси сарбозӣ ба тан кардааст. Дар бораи сарнавишти ҳамлагар иттилоъ дода нашудааст.

Қарор аст, ки ҳафтаи оянда низомиёни хориҷӣ назорат дар маркази вилояти Ҳилманд – шаҳри Лашкаргоҳро дар ихтиёри сохторҳои маҳаллӣ гузоранд.
XS
SM
MD
LG