Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БАБТ ба Тоҷикистон 50 миллион доллари дигар медиҳад


Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо раҳбари бахши Бонки аврупоии бозсохт ва рушд дар умури ОМ гуфтугӯ кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот масоили ҳамкории феълӣ ва роҳҳои густариши пуштибонӣ аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Ба қавли ин манбаъ, дар ин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Оливие Декамп гуфта шудааст, ки бо кӯмаки Бонки аврупоии бозсохт ва рушд дар Тоҷикистон 44 тарҳ ба маблағи беш аз 100 миллион доллар татбиқ мешавад ва таҳияи аснод барои татбиқи 10 тарҳи дигар ба маблағи 70 миллион евро идома дорад.

Ин тарҳҳо барои рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон ва тақвияти бахши хусусӣ равона шудаанд.

Оливие Декамп
Оливие Декамп, , раҳбари бахши Бонки аврупоии бозсохт ва рушд дар умури Туркия, Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, ҳамчунин афзудааст, агар соли гузашта Бонки аврупоии бозсохт ва рушд барои дастгирии бонкҳо, созмонҳои хурди қарздиҳӣ ва мақомоти маҳаллии Тоҷикистон 30 миллион доллар ҷудо карда бошад, пас имсол ин маблағ то ба 50 миллион хоҳад расид.

Ҷаноби Декамп гуфтааст: “Имрӯз рушди муносибот бо Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишварҳо ва сохторҳои Иттиҳоди Аврупо аст ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи ин сиёсат саҳми намоёни худро мегузорад.”

Ин масъули Бонки аврупоии бозсохт ва тавсеа гуфтааст, ин бонк ба "Акссес Бонки Тоҷикистон" 6 миллион доллар қарз пешниҳод кардааст, ки ин маболиғ бештар барои тавсеаи бахши хусусӣ ва бо пули сомонӣ дода хоҳад шуд.

Дар тӯли ҳамкориҳои Бонки аврупоии бозсохт ва тавсеа бо давлати Тоҷикистон, ин бонк барои бахшҳои мухталифи ин кишвар 309 миллион доллар, аз ҷумла соли гузашта барои иқтисоди он 29 миллион доллар додааст.
XS
SM
MD
LG