Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: Аз "Армагеддони иқтисодӣ" бояд ҷилавгирӣ кард


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз Конгресси кишвар даъват кард, ки ҳарчӣ зудтар дар мавриди касри буҷа ба созиш бирасад.

Дар паёми радиоии худ Обама аз вакилони ҳарду палатаи парлумони кишвар хост, ки аз эҳтимоли рух додани, ба гуфтаи ӯ, «Армагеддони иқтисодӣ» ҷилавгирӣ кунанд.

Моҳи май қарзи дохилии ИМА ба меъёри муқарраршуда– ба 14 триллион доллар расид.

Агар Конгресси Амрико то 2 август қонун дар бораи афзоиши меъёри ин қарзро қабул накунад, ҳукумат аз имкони сармоягузории ӯҳдадориҳои қарзии маҳрум хоҳад монд ва ин метавонад барои ҳама иқтисоди ҷаҳон паймадҳои сангин дошта бошад.
XS
SM
MD
LG