Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мёрдок барои аъмоли зердастонаш маъзарат хост


Руперт Мёрдок, соҳиби яке аз бузургтарин дар ҷаҳон империяҳои расонаӣ, имрӯз барои аъмоли ғайриқонунии хабарнигорони яке аз нашрияҳояш маъзарат хост.

Матни маъзарати ӯ имрӯз дар расонаҳои бритониёвии Daily Mail, Daily Telegraph, Guardian, Independent, Financial Times, Sun и Times нашр шуд.

Чанде пеш ошкор шуд, ки хабарнигорони нашрияи News of the World ғайриқонунӣ гуфтугӯҳои телефонии тақрибан 4 ҳазор шаҳрвандони Амрикову Бритониё, аз ҷумла, пайвандони қурбониёни ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ба Амрико ва наздикони сарбозони дар Афғонистону Ироқ ҷонбохтаро сабт кардаанд. Мёрдок маҷбур шуд, ки ин нашрияро бандад.

Имрӯз ду тан аз кормандони аршади империяи расонаии Руперт Мёрдок – Ребека Брукс, раиси бахши бритониёвии ширкати News Corporation, ва Лес Хинтон, раиси хадамоти иттилоъи молиявии Dow Jones, ки аз ҷумла, масъули нашри рӯзномаи Wall Street Journal аст, дар бораи истеъфои худ хабар доданд. Истеъфои онҳо бо моҷарои марбут ба ғайриқонунӣ гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ бастагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG