Пайвандҳои дастрасӣ

Як масъули бахши ҳифзи сиҳати Либия хабар дод, ки дар ҳамла ба шаҳри стратегии Брега даҳ тан аз ошӯбгарон кушта шуданд.

Ба гуфтаи Муҳаммад Идрис, шаби гузашта ошӯбгарон талоши вуруд ба Брегаро карданд ва аммо ҳадафи мушакборони нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ қарор гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол Муаммар Қаззофӣ тасмими кишварҳои узви Гурӯҳи байнулмилали тамос оид ба Либия барои ба расмият шинохтани Шӯрои миллии таъсискардаи ошӯбгаронро «беақлона» номид.

Баъд аз имзои қатънома дар ин бора дар поёни нишасти Гурӯҳи байнулмилали тамос оид ба Либия дар Истамбул, Муаммар Қаззофӣ аз тариқи радио ба ҷонибдоронаш муроҷиат кард.

Зери қатънома оид ба эътирофи Шӯрои миллии ошӯбгарон намояндагони 30 кишвар, аз ҷумла, ИМА, имзо гузоштаанд. Дар ин санад гуфта шудааст, ки режими Қаззофӣ машрӯъияти худро аз даст додааст.
XS
SM
MD
LG