Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ аз «рӯйхати сиёҳ» номи 14 раҳбари пешини ҷунбиши «Толибон»-и Афғонистонро берун кард. Аз ин баъд онҳо иҷозаисафар ба хориҷи Афғонистонро доранд ва ҳисобҳои бонкияшон низ дубора фаъол мешавад.

Тасмим дар ин бора бо дархости мақомоти Афғонистон сурат гирифт, ки ба гуфтаи онҳо, ин раҳбарони пешини толибон вориди раванди оштии миллӣ дар кишвар шудаанд.

Дар маҷмӯъ Кобул аз "рӯйхати сиёҳ" берун кардани ному насаби 50 нафарро хостааст. Гуфта мешавад, ки айни ҳол дар рӯйхат номи 123 нафар аз фармондеҳони «Толибон» ҷой дорад.

Шӯрои амнияти СММ чанде қабл тасмим гирифт, ки ба хотири мусоидат ба раванди сулҳ дар Афғонистон мавзӯъи таҳримҳо дар баробари шабакаи «Ал-Қоида» ва ҷунбиши «Толибон»-ро дар алоҳидагӣ баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG