Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳияи Консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин ҳанӯз се сол пеш аз сӯи раисиҷумҳур пешниҳод шуда буд.

Саидаҳмади Қаландар, коршиноси масоили динӣ, ки дар таҳияи ин консепсия ё барнома иштирок дорад, мегӯяд, пешнависи он омода шуда ва бояд дар охири моҳи июл мавриди муҳокима қарор бигирад.

Вай афзуд, дар муҳокимаи ин консепсия, ки сиёсати давлат дар робита ба дин ва диндоронро мушаххас мекунад, имом-хатибони масоҷид низ иштирок хоҳанд кард.

Сайидаҳмади Қаландар, коршиноси масоили динӣ
“Таҳияи консепсия ба таъхир науфтодааст. Тарҳ дар ҳолати омодабош аст. Кумитаи дин, Маркази таҳқиқоти исломӣ, Академияи “Муколама” дар пайи ин коранд. Аз 26 то 28-уми июли соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи Явроз муҳокимаи умумии ин тарҳ мешавад”,-афзуд ӯ.

Саидаҳмади Қаландар мегӯяд, пешнависи Консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин ниҳоӣ набуда, дар рӯзи муҳокима қарор аст ба он тағйиру ислоҳҳо низ ворид гардад.

Бо ин вуҷуд, аз мӯҳтавои тарҳи Консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин, ба ҷуз як гурӯҳи кӯчаки донишмандон, ки дар пайрезии он иштирок кардаанд, дигарон огоҳии комил надоранд.


Вале Саид Аҳмадов, собиқ раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ки ҳоло устоди яке аз донишгоҳҳои кишвар аст, дар сӯҳбат ба Оини мадоро гуфт, ин консепсия сиёсати давлат дар мавриди динро муайян карда, бисёре аз мафҳумҳоеро, ки дар қонунҳо, аз ҷумла қонуни дин омадааст, шарҳ медиҳад.

Саид Аҳмадов, собиқ раҳбари Кумитаи дини Тоҷикистон
Ӯ гуфт: “Консепсия он чизҳоеро, ки дар Конститутсия ва дар қонун дар бораи озодии виҷдон сабт шудааст, як навъ шарҳ дода, муносибати давлат бо созмонҳои диниро муайян мекунад. Зимнан, сиёсати давлатро дар бахши маориф, ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар алоқамандӣ бо дин низ баён мекунад. Он ҳуҷҷати меъёрӣ-ҳуқуқӣ нест. Фақат он дар заминаи санадҳои меёърӣ-ҳуқуқӣ навишта мешавад. Ин як навъ дастурамал аст, ки роҳҳои истифода аз он ҳуқуқҳое, ки қонунҳо барои диндорон ва шаҳрвандон додааст, муайян мекунад. Ҳамчунин муайян мекунад, ки мақомоти давлатӣ бояд барои амалӣ шудани онҳо чӣ корҳоеро анҷом бидиҳанд.”

Таҳияи консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин дар Тоҷикистон баъд аз соли 2009 оғоз гардида, барои таҳияи ин тарҳ ҳоло як созмони хориҷӣ маблағ ихтисос додааст.


Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи “Наҷот”, нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ, танҳо ҳизби сиёсии динӣ дар Осиёи Марказӣ, мегӯяд, тӯли се соле, ки мавзӯъи таҳияи консепсия матраҳ аст, вале ягон намояндаи онҳо барои муҳокима ва ё таҳияи ин санад даъват нашудаанд. Вай гуфт, ин консепсия дар ҳоле таҳия мешавад, ки абри сиёҳ болои муносиботи давлат бо дин соя афканда ва ин муносибатро тиратар кардааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи "Наҷот", нашрияи ҲНИТ
Ҷаноби Сайфуллозода афзуд, бо вуҷуди ин ки шояд донишмандони тоҷик талош мекунанд, бо таҳияи ин санад муносибати давлат бо диндоронро ба танзим дароранд ва онҳоро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ даъват бикунанд, вале муваффақ нахоҳанд шуд. Зеро ба бовари ӯ, ин санад дар заминаи қонуни озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ таҳия хоҳад шуд, ки ин қонун дар ду соли пеш қабул шуда, маҳдудиятҳои хосеро барои фаъолияти диндорон эҷод кардааст.

“Ин ҳеҷ гоҳ мувофиқ ба ниёз ва воқеияти ҷомеа буда наметавонад. Бояд як давлат, бахусус, давлате, ки худро миллӣ эълон кардааст, қабл аз ҳама сиёсати хешро ба ҷанбаи ақидатӣ ё маънавии ҷомеа муайян бикунад. Баъдан дар заминаи муайян шудани ин сиёсат таҳияи қонун сурат бигирад. Бадии кор дар ҳамин аст, ки мо чорчӯбаро месозем ва миллатро маҷбур мекунем, ки тибқи ин чорчӯба зиндагӣ кунад ва ё дар ҳамин чорчӯба бичархад”,-илова кард ӯ.

Ин дар ҳолест, ки Абдуллоҳ Ҳакими Раҳнамо, сиёсатшинос ва коршинос дар умури дин, низ тарҳи ҷудогона ва ё муаллифии худро дар бораи Консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин пешниҳод кардааст. Вай мегӯяд, ин тарҳ аз тарҳе, ки гурӯҳи донишмандони тоҷик таҳия кардаанд, тавофути зиёде дорад ва агар як бахши кӯчаки тарҳаш низ пазируфта бишавад, хушҳол хоҳад буд.

Абдулло Ҳакими Раҳнамо, сиёсатшинос ва коршиноси умури динӣ
Ҷаноби Раҳнамо афзуд, ин тарҳи консепсия аз муқаддима, бахши зарурати консепсия, бахши усулҳо, бахши сиёсати давлатӣ, масъалаи ҳуқуқи инсон, маорифи динӣ, таълимоти динӣ ва муносибатҳои хориҷии динӣ таркиб ёфтааст.

Ин коршиноси тоҷик гуфт, пеш аз он ки ин тарҳи консепсияро бинависад, консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин дар бархе аз кишварҳоро варақ задааст. Аммо ӯ мегӯяд, ин тарҳе, ки навиштааст, рӯбардор ё тақлид ба он консепсияҳо набуда, балки бештар ба воқеиятҳои Тоҷикистоне, ки беш аз навад дарсади сокинонаш худро мусулмон ҳисоб мекунанд, мувофиқ аст: "Вале консепсияе, ки навиштаам, бидуни тақлиду иқтибосу пайравӣ аз консепсияҳои кишварҳои дигар аст. Маводи ман воқеияти таърихӣ ва воқеияти имрӯзии Тоҷикистон мебошад. Маъмулан мо медонем, ки ҳангоми таҳияи қонуну барномаҳо бештар тақлид ба қонуну консепсияҳои берун мешавад. Барои ҳамин метавонем бигӯем, ки ин тарҳ на танҳо тарҳи муаллифӣ аст, балки тарҳи тоҷикӣ аст, маҳсули тафаккури ватани худамон аст. Бо сари баланд гуфта метавонем, ҳеҷ гуна иқтибосу пайравӣ аз консепсияи Русияву Қазоқистону Қирғизистон нашудааст. Зеро воқеияти мо воқеияти мост."


Аммо ин ҳама гуфтугузор дар ҳолест, ки ба эътиқоди коршиносон, давоми ду-се соли ахир давлат талош дорад, ки дар фазо ва муҳити динии кишвар назорат ва тасаллути комил дошта бошад. Зеро раванди гароиши мардуми бештар ва алалхусус ҷавонон ба дин ва масҷид дар ин муддат бо суръат идома дорад, ки то андозае давлатро нигарон кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG