Пайвандҳои дастрасӣ

30 кишвар шӯришиёни Либияро ба расмият шинохтанд


Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигар шӯришиёни Либияро ба ҳайси ҳукумати Либия эътироф карданд, ки як рахнаи бузурге ба режими Муаммар Қаззофӣ шумурда мешавад. Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон гуфт, кишвараш аз ин ба баъд Шӯрои милли гузори Либияро ҳукумати қонунии Либия хоҳад шумурд. Ин эъломияи ӯ дар чаҳорумин нишасти кишварҳои Гурӯҳи тамос бо Либия дар Истанбул дар ҳоле садо дод, ки Фаронса ва Италия гуфтанд, ҳамаи кишварҳои узв Шӯрои гузорро ҳукумати Либия мешуморанд. Эъломияи ниҳоии нишасти Истанбулро 30 кишвар ба имзо расонд ва дар он гуфта мешавад, режими Қаззофӣ дигар ҳукумати Либия намебошад.
XS
SM
MD
LG