Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон шурӯъ шуд


Ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, нахустин сарбозони гурӯҳи 10 ҳазорнафарие, ки бояд имсол Афғонистонро тарк кунад, раҳсипори Амрико шуданд. Манзур 650 сарбозони амрикоист, ки дар вилояти Парвон, шимолуғарби Кобул мустақар буда, давраи хидматашон дар Афғонистон ба поён расидааст. Онҳо рӯзи панҷшанбе Афғонистонро тарк карданд ва ба ҷои онҳо нерӯҳоио ивазкунанда фиристода нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG