Пайвандҳои дастрасӣ

Нобоварӣ ба натиҷаҳои таҳқиқи қатли Эстемирова


Ду сол пас аз қатли фаъоли ҳуқуқи инсон Наталия Эстемирова дар Чеченистон ҳомиёни ҳуқуқ хулосаи муфаттишони русро, ки ӯ аз дасти тундравони исломӣ кушта шудааст, зеро шубҳа гузоштанд. Нобоварии онҳо ба натиҷаи таҳқиқ замоне ба миён омад, ки созмони ҳуқуқи башари «Мемориал» гузориши пажӯҳишгаронин мустақилро нашр намуд. Бино бар он хадамоти амниятии Русия дар ҷараёни таҳқиқ аз баъзе далелҳои ҳалкунанда сарфи назар кардаанд. Аз ҷумла изи ДНК, ки дар либос ва нохунҳои ӯ боқӣ мондааст, нишон медиҳад, ки қотилон касони дигаранд. Кумитаи пажӯҳишии Русия аз ифшои ҷузъиёти парванда сарпечӣ карда, танҳо гуфтааст, ки далоили он раднопазиранд.
XS
SM
MD
LG