Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА шӯришиёни Либияро расман эътироф кард


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон гуфт, кишвараш шӯришиёни Либияро ба ҳайси ҳукумати қонунии ин кишвар эътироф мекунад. Ин эъломияи ӯ дар чаҳорумин нишасти кишварҳои Гурӯҳи тамос бо Либия дар Истанбул дар ҳоле садо дод, ки Фаронса ва Италия гуфтанд, ҳамаи аъзои гурӯҳ Шӯрои милли гузори Либияро ба ҳайси ҳукумати Либия шинохтаанд. Ин эътироф афзоиши муҳими мақоми дипломатии мухолифони Либия ва ташдиди фишор ба раҳбари ин кишвар Муаммар Қаззофӣ барои тарки қудрат ба шумор меравад. Аммо Қаззофӣ дар тазоҳуроте дар ғарби Триполӣ ё Троблус гуфт, “то охирин нафас” хоҳад ҷангид ва “НАТО дар Либия марги худро хоҳад ёфт.” Фиристодаи раисиҷумҳури Русия дар умури Либия мегӯяд, Қаззофӣ ба андозаи кофӣ таслиҳот дорад, ки муддати қобили мулоҳизае муқовимат кунад.
XS
SM
MD
LG