Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доллар ҳамоно маҳбуб аст


Бино бар натоиҷи назархоҳии созмони Геллап, аксари мардум дар шӯравии собиқ пули худро бо доллари Амрико пасандоз мекунанд.

Тибқи ин назархоҳӣ, ки аз моҳи май то сентябри соли 2010 дар ёздаҳ кишвари узви Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ анҷом дода шудааст, аксари мардум дар Шӯравии собиқ пули худро бо доллари Амрико пасандоз мекунанд, то бо евро ё асъори дигари хориҷӣ.

Ба ҳисоби миёна, 29 дарсади пасандозҳо дар паҳнои Шӯравии пешин бо доллар, 43 дарсад бо пулҳои миллии ин кишварҳо ва ҳамагӣ 9 дарсад бо евро, воҳиди пули муштараки Аврупо, будааст. Ба ҷуз аз Русия, ки 56 дарсад бо рубли русӣ пасандоз мекардаанд ва 12 дарсад евроро мепазиранду ҳамагӣ 8 дарсад ҳамчунон ба доллар содиқ мондаанд, доллари Амрико дар 10 кишвари боқӣ доллар пешсафи сабқати асъори хориҷӣ боқӣ мондааст.

ПАСАНДОЗИ БЕШТАРИ ТОҶИКИСТОНИЁН НИЗ БО ДОЛЛАР АСТ

Гэллар дар Тоҷикистон дар ин мавзӯъ назари 1000 нафар пурсидааст ва 51 дарсад гуфтаанд, ки пули зиёдатии худро бо доллари амрикоӣ пасандоз мекунанд. 34 дарсад ба пули миллии тоҷикӣ – сомонӣ – бартарӣ додаанд ва фақат 4 дарсад -еврову ҳамагӣ 1 фоизи пурсидашудагон – ба рубли русӣ. Ва он ҳам бо вуҷуде, ки беш аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори ин кишвар ҳамасола барои кор ба Русия мераванд.

Аммо Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон, натоиҷи ин назархоҳиро нисбӣ ва ба далели як сол қабл анҷом шуданаш кӯҳнашуда меҳисобад.

"НАТИҶАИ ПУРСИШҲО НИСБИСТ."

Оқои Қурбонов дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Тавре ки аз табиати ин назаргириҳо бармеояд, натиҷаҳои чунин пурсишҳо нисбист, чунки аз 7,5 миллион аҳолӣ онҳо 1000 ё 2000 нафарро мепурсанд, ки назари ҳамаи мардум нест. Ба ҳар сурат, бино бар он маълумоте, ки мо дорем, тамойюли афзоиши ҳаҷми амонатҳо чун пештара идома дорад. Маблағи амонатҳои ташкилотҳои қарзӣ дар ҷумҳурӣ дар аввали моҳи май нисбат ба моҳи январ 11 фоиз афзуд ва ба 3,6 миллиард сомонӣ (муодили тақрибан 780 миллион доллар) баробар шуд. Аз ҷумла бо пули миллӣ – 1,450 миллиард сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ – 2,150 миллиард сомонӣ. Дар таркиби амонатҳо 49,7 фоиз марбут ба шахсони ҳуқуқӣ ва 50,3 дарсадаш аз шахсони воқеъист. Яъне ҳаҷми амонатҳо дар Тоҷикистон сол то сол зиёд мешавад. Ва маълумоти назаргирии як сол пеш анҷомшуда аз назари мо алакай кӯҳна шудааст.»

Аммо Абдулваҳҳоб, фурӯшандаи асъор дар яке аз саррофиҳои маркази Душанбе дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ таъйид кард, ки муомилаи онҳо асосан бо доллар аст ва ҳаҷми евро дар муқоиса бо доллар хеле ночиз боқӣ мемонад:

«- Бо евро маъмулан эрониҳо ё ягон амрикоё ё аврупоӣ кор мекунад бо мо. Дигар пурсиши евро тамоман кам аст. Харидуфурӯши бозори мо фақат асосан бо доллар аст. Долларро хурд карданаш ҳам бисёр асту хариданаш ҳам. Ҳозир акнун аз доллар дида, талабот ба рубли русӣ бештар шуда истодааст.

- Чаро?

-Барои онки додугирифт байни Тоҷикистону Русия сар шудааст ва мардум рубл зиёд мепурсанд. Аммо талабот ба евро хеле кам аст – чӣ хариду чӣ фурӯшаш.

- Аммо он тоҷироне, ки аз хориҷ мол меоранд, бештар кадом навъи асъорро мехаранд?

- Онҳо асосан доллар мехаранд. Барои мисол, мо агар дар рӯз 5000 доллар бигирем, 200- 300 евро мегирему халос. Баъзе рӯзҳо ягон евро намегирем ҳатто. Фақат русиву доллар мегирем феълан.»

-Аммо қурб имрӯз чигуна аст?

- Қурби расмии Бонки миллиро агар бигӯям, 100 доллар – 468 сомонӣ, 100 евро – 655 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ – 166. Қурби кӯча, албатта, як каме дигар аст.

- Худи шумо чандӣ мехареду чандӣ мефурӯшед?

- 100 долларро мо 478 мехарем ва 480 мефурӯшем. 1000 рубли русиро 168 мегирем ва 170 сомонӣ мефурӯшем. Нархи хариди 100 евро бошад 670 аст ва фурӯшаш – 672 сомонӣ.»


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00
Линки мустақим


Аммо Саидмӯъмин Камолӣ, иқтисоддон ва мудири дафтари Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар Тоҷикистон, мегӯяд, дар шароити бӯҳрони саросарии молӣ бо асъори нисбатан собиттар пасандоз кардани мардум як амри табиист. Оқои Камолӣ мегӯяд, қурби сомонӣ тайи моҳҳои охир рӯ ба коҳиш овард, ки боиси рӯи бештар ба хазина кардани пасандози худ бо асъори хориҷӣ овардани мардум дар Тоҷикистон шудааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00
Линки мустақим


Аммо аз сӯи дигар, меафзояд мусоҳиби мо, мавзӯъи пасандоз бештар барои ҷомиаҳое доғ ва матраҳ аст, ки шумори мардуми соҳиби пасандозаш зиёд бошад. Аммо дар Тоҷикистон, ки беш аз нисфи ҷамъияташ дар зери хатти фақр ба сар мебарад, мардум тақрибан ҳама дороии худро сари гузарони зиндагии ҳаррӯзаашон мекунанд ва кам каси пулдоре ҳаст, ки рӯи ба чӣ – доллар, евро, ё тило – сармоягузорӣ кардани пули зиёдатиаш биандешад.
XS
SM
MD
LG