Пайвандҳои дастрасӣ

Бузургтарин тазоҳуроти зидди Асад дар Сурия


Бино бар хабарҳо нерӯҳои амниятии Сурия дар раҳпаймоиҳои рӯзи ҷумъаи норозиёни ин кишвар ба камияш 12 нафари дигарро куштаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, рӯзи ҷумъа дар саросари кишвар бузургтарин гирдиҳамоиҳои эътирозӣ баргузор шуда, танҳо дар тазоҳуроти вилояти шарқии Дор-ул-зор дастикам 350 ҳазор нафар ширкат кардаанд. Онҳо истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад ва муҷозоти саркӯбгарони раҳпаймоиҳоро талаб карданд. Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, дар нооромиҳои Сурия сар аз нимаҳои моҳи марти соли равон 1400 нафар аз мухолифон аз тарафи нерӯҳои амниятии Сурия ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG