Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Амрико "Кобулбонк"-ро манбаи фасод номид


Карл Эйкенберрӣ, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон.

Карл Эйкенберрӣ, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон.

Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон, ки акнун ба кори дигар мегузарад, “Кобулбонк”-ро як “шабакаи азими ғоратгарӣ” унвон кард. Карл Эйкенберрӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони он, ки бонкро ба фурӯпошӣ расонданд, бояд барои фиребидани сармоягузорон муҷозот шаванд. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, “Кобулбонк” 850 миллион долларро бидуни тазмин ва санад қарз додаанд. Аз ин сармоя ҳамчунин вазирони ҳукумат, бародари бузурги президент Карзай ва намояндагони бонуфузи элитаи Афғонистон истифода кардаанд. Раиси Бонки марказии Афғонистон, Абдулқодири Фитрат моҳи гузашта ба Иёлоти Муттаҳида фирор кард ва мегӯяд, ҷонин ӯ зимни таҳқиқи фасоди “Кобулбонк” дар хатар аст. Вале мақомоти афғон нигаронии ӯро рад ва истирдодашро талаб мекунанд.
XS
SM
MD
LG